БОЗДИДИ ХУШВАХТ ШАРИФЗОДА АЗ МАРКАЗИ ХУДМАБЛАҒГУЗОРИ КОЛОПРОКТОЛОГӢ
Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе зимни гардишҳо пайваста ба фаъолияти муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе шинос мегардад.
Бо ин мақсад имрӯз, 21-уми июли соли равон сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ба Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии худмаблағгузори колопроктологӣ”-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз рафти хизматрасонии тиббии он дидан кард.
Дар доираи ташриф ба муассисаи номбурда Хушвахт Шарифзода бо рафти хизматрасонии тиббӣ, ҷараёни фаъолияти шуъбаҳо ва ҳолати таҷҳизотҳои тиббии он шинос гашт.
Аснои суҳбату вохурӣ бо беморон ва наздикони онҳо сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ёдовар шуд.
Номбурда бо наздикону пайвандони беморон суҳбат анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пурсон гашт.
Дар доираи боздид Хушвахт Шарифзода бо роҳбарияти муассисаи тандурустии мазкур як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз қабили назорати беморон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, одоби муошират бо беморон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуд.
Ба ахбор баргашт