Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Ахбори марказ

Қабули даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036) пешниҳоди таърихист.

30.06.2026 00:00 86 дидан
Қабули даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036) пешниҳоди таърихист.

Сулҳ неъмати бузургтарин ва пойдевори зиндагии осоиштаи инсоният мебошад. Ҳар миллате, ки сулҳу оромӣ дорад, метавонад роҳи пешрафт, ободӣ ва саодатро тай намояд. Сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки эҳтироми инсон ба инсон, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Вақте дар ҷомеа сулҳу дӯстӣ ҳукмфармо бошад, мардум бо дили гарм кору зиндагӣ мекунанд, фарзандон дар фазои ором ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд ва давлат ба сӯи рушду тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад.

Дӯстӣ яке аз арзишҳои волои инсонист. Миллатҳое, ки дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро шиори худ қарор медиҳанд, ҳеҷ гоҳ ба низоъ ва парокандагӣ роҳ намедиҳанд. Чунон ки бузургон гуфтаанд: «Дӯстӣ ганҷест, ки бо ҳеҷ сарвате баробар намешавад.»

Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо фарҳанги сулҳпарварӣ, меҳмоннавозӣ ва инсондӯстӣ шуҳрат доштаанд. Аҷдодони мо мардумро ба ваҳдат, муҳаббат ва ҳамдигарэҳтиромӣ даъват мекарданд. Саъдии Шерозӣ бо суханони ҷовидонаи худ инсонҳоро ба ҳамбастагӣ фаро мехонад:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Ин байт моро ба он раҳнамун месозад, ки ҳамаи одамон новобаста аз миллат, забон ва мазҳаб фарзандони як оламанд ва бояд дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намоянд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ аҳаммияти муҳаббат ва дӯстиро чунин баён кардааст:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Яъне меҳру муҳаббат метавонад ҳар гуна мушкилоту ихтилофро аз миён бардорад ва дилҳоро ба ҳам наздик созад

Дар шароите ки ҷаҳон бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ аст, таҳкими сулҳу амният ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша ҷонибдори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ мебошад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036) ироа гардид. Ҳадафи ин ибтикор муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими эътимод миёни давлатҳо, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани ҷаҳони амну осоишта барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад.

Тибқи қатъномаи қабулшудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, даҳсолаи мазкур ба рушди фарҳанги сулҳ, таҳкими муколама ва оштӣ, дастгирии ҳамкории байни наслҳо ва ҷалби ҷавонон ба равандҳои қабули қарорҳо равона шудааст.

Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон мебошад. Маҳз таҷрибаи нодири барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз ҳамчун намунаи арзишманд дар арсаи байналмилалӣ эътироф мегардад. Сулҳи тоҷикон исбот намуд, ки тавассути иродаи сиёсӣ, гуфтугӯ ва ҳамдигарбахшӣ метавон ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро ҳал намуд.

Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ имконият фароҳам меорад, ки давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ ҳамкории бештар ба роҳ монанд.

Барои мардуми Тоҷикистон ин иқдоми байналмилалӣ мояи ифтихор аст. Он бори дигар мақоми баланди кишвари моро ҳамчун давлати ташаббускор ва сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Инчунин, чунин иқдом эътибори байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам таҳким бахшида, саҳми кишварро дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ афзун месозад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки сулҳу ваҳдатро ҳамчун арзиши муқаддас ҳифз намояд, зеро пешрафти давлат, ободии Ватан ва зиндагии шоистаи мардум маҳз дар фазои сулҳу субот таъмин мегардад.

Шоири маҳбуби тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирҳо Турсунзода чунин гуфтааст:

Месароям сулҳро дар сози сулҳ.

То шавад олам пур аз овоҳи сулҳ.

Пас, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои солҳои 2027–2036 на танҳо як ташаббуси байналмилалӣ, балки паёми умед ба инсоният мебошад. Он ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак барои таъмини ояндаи осоиштаи башарият даъват мекунад. Хулоса, сулҳу дӯстӣ, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки ҳар яки моро ба зиндагии осоишта, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватан раҳнамун месозанд. Бояд ин неъматҳои бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо ба ёдгор гузорем.

Дар охир ба ин пешниҳоди таърихии Пешвои милат ифтихор ва ҳамовози намуда мегуем.

Ҷанг бо имзои моён мардумони фатҳёб.

Менамояд нақшаҳои ҷангҷуёнро хароб.

Сулҳ дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисёр болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунй ба як лаҳзаи осоиштагй ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шуҳратёр мегардонад.

“Сулҳ баҳорест, баҳор оварад, равнақи шодию барор оварад” - ин сатри маъруф ва зебо аз шеърест, ки мазмуни он рамзи ободӣ, оромӣ ва шукуфоиро ифода мекунад. Дар фарҳанги миллати тоҷик, сулҳ ҳамчун сарчашмаи ҳаёти осоишта, пешрафт ва ваҳдати миллӣ эътироф мешавад.

Мо мардуми тоҷик набоФяд фаромӯш созем, ки сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ асоси ба вуҷудоии оилаи солим, ҷомеаи солим гардида, моро ба ояндаи дурахшони тарақиёт бурда мерасонад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,

Директори МД МСШ №15,

н.и.т. Т. Ғайратзода


Ба ахбор баргашт