Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Ахбори марказ

Дар Марказ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

18.08.2026 00:00 134 дидан
Дар Марказ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, роҳбарият ва мутахассисони муассисаҳои ТТҲЕ ва муассисаҳои зерсохтори Раёсат иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ меҳмонон ва масъулин табибонро ба муносибати иди касбӣ табрик намуда, саҳми арзандаи кормандони соҳаи тандурустиро дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва рушди низоми хизматрасонии тиббӣ таъкид карданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин фаъолони соҳаи тандурустӣ барои фаъолияти самаранок ва саҳми назаррасашон қадрдонӣ гардиданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе — Шоҳбози Неъматулло ва Раҳмонов Расул, намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Зайноб Анварӣ, директори ТТҲЕ ва мутахассисони муассисаҳои зерсохтори Раёсат иштирок намуданд.

Рӯзи табибон муборак! Ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ саломатӣ, неруи тоза ва дар фаъолияти касбӣ муваффақиятҳои бештар орзумандем!


Ба ахбор баргашт