ЧОРАБИНИ ТАНАТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМУҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 8 - уми августи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №15" чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раҷабов Абдулло - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ғайратзода Тоҳир Ғайрат - раиси ташкилоти ибтидоии "Мадади Сино" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Ғайратзода Тоҳир Ғайрат - раиси ташкилоти ибтидоии "Мадади Сино" меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, онҳоро барои иштирок дар чорабинӣ хайрамақдам гуфт.
Дар идома Раҷабов Абдулло - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, зимни суханронӣ худ қайд намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, маҳз дар партави сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибистиқлол ба марҳилаи нави рушду тараққиёт қадам гузошта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар идома оид ба аҳамияти қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи "Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036", таърихи таъсис ва фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳадафҳои Барнома ва Оинномаи ҳизб, тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва омодагии шоиста ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда шуд.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолон ифтихорнома ва сипоснома дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Ба ахбор баргашт