ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ «ДАРСИ СУЛҲ»
Рӯзи 31 августи соли 2026 кормандон ва роҳбарияти МД «Маркази саломатии шаҳрии №15» дастҷамъона тариқи телевизион суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро бахшида ба Рӯзи дониш ва «Дарси сулҳ» тамошо намуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бо таваҷҷуҳи зиёд шунида шуд.
Тамошои дастҷамъонаи «Дарси сулҳ» ба кормандони муассиса имкон фароҳам овард, ки аз муҳтавои суханронии Пешвои миллат оид ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори кишвар бевосита огоҳ гардида, аҳамияти ҳифзи сулҳу субот ва саҳми ҳар як шаҳрванди кишварро дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дарк намоянд.
Ба ахбор баргашт