Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Ахбори марказ

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МД «МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИИ №15» БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

01.09.2026 00:00 213 дидан
ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МД «МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИИ №15» БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОБОДИЮ СОЗАНДАГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, рамзи озодӣ, сарчашмаи ифтихори миллӣ ва асоси рушди давлатдорӣ мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзишмандтарин дастоварди таърихӣ маҳсуб меёбад. Барои халқи тоҷик низ соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоду демократӣ гардид. Дар зарфи сию панҷ сол Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи пурпечутоб, вале пурифтихорро тай намуда, аз як кишвари гирифтори мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ба давлати рӯ ба рушд ва эътирофшуда дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.

Таърих собит намудааст, ки истиқлолият танҳо ба даст оварда намешавад, балки онро бо заҳмати шабонарӯзӣ, ваҳдат, иттиҳод ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳифз ва таҳким бахшидан лозим аст. Бузургон гуфтаанд: Ватанро муҳаббат обод мекунад, душманӣ вайрон. Ин андеша имрӯз низ аҳаммияти бузург дошта, моро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлол ҳидоят менамояд.

Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон солҳои бисёр ҳассос буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иқтисоди кишварро фалаҷ гардонд ва ҳазорон нафар шаҳрвандонро азобу машаққат кашонид. Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавии мардуми тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат сулҳу субот барқарор гардида, марҳилаи нави рушди мамлакат оғоз ёфт.

Бо ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ оғоз намуд. Дар ин давра Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд. Низоми идоракунии давлатӣ такмил дода шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир роҳандозӣ гардид.

Дар давоми 35 соли истиқлолият иқтисоди миллӣ рушд намуда, садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ босуръат инкишоф ёфтанд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба пешрафти устувори мамлакат замина гузошт.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол бунёди роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои замонавӣ мебошад. Имрӯз минтақаҳои гуногуни кишвар бо роҳҳои босифат ба ҳам пайваст гардида, рафтуомади мардум ва рушди иқтисодӣ таъмин шудааст. Роҳҳои нав Тоҷикистонро ба кишварҳои ҳамсоя ва бозорҳои байналмилалӣ мепайванданд, ки барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ аҳаммияти бузург доранд.

Дар соҳаи энергетика низ Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои нав имконият фароҳам оварданд, ки таъмини аҳолӣ бо неруи барқ сол то сол беҳтар гардад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ дар ҷаҳон мавқеи махсус дорад.

Соҳаи маориф дар даврони истиқлол яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаҳои нави таълимӣ сохта шуда, шароити таҳсил барои хонандагону донишҷӯён беҳтар гардид. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ, литсейҳо ва коллеҷҳои касбӣ фаъолияти худро густариш дода, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамзамон соҳаи тандурустӣ – ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати кишвар садҳо муассисаи нави тиббӣ, аз ҷумла беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва таҷдид карда шуданд, ки барои беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатии ҳифзи саломатӣ, сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ сол ба сол афзоиш ёфтааст. Агар дар солҳои аввали истиқлолият шумораи муассисаҳои тиббӣ маҳдуд бошад, имрӯз дар саросари кишвар зиёда аз 4 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар давраи истиқлолият шумораи кормандони соҳаи тиб низ ба таври назаррас афзудааст. Имрӯз дар кишвар зиёда аз 80 ҳазор корманди тиббӣ, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат, фаъолият доранд, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Яке аз дастовардҳои муҳим беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои саломатии модару кӯдак мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сатҳи фавти модарон ва кӯдакон нисбат ба солҳои аввали истиқлолият ба маротиб коҳиш ёфта, фарогирии занон ба хизматрасониҳои пеш аз таваллуд ба зиёда аз 90 фоиз расидааст.

Ҳамзамон, дар доираи барномаҳои давлатии солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳо ҳар сол миллионҳо нафар шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Танҳо дар солҳои охир зиёда аз 3 миллион нафар аҳолӣ аз ташхис ва муоинаи профилактикӣ гузаронида шудаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ инчунин сатҳи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир беҳтар гардида, зиёда аз 1000 дастгоҳи муосири ташхисиву табобатӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ворид карда шудааст.

Ин дастовардҳо гувоҳи онанд, ки дар солҳои истиқлолият соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон заминаи устувор фароҳам меоварад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи

ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,

Директори МД МСШ №15,

н.и.т. Т. Ғайратзода


Ба ахбор баргашт