Мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар
Бознашр аз сомонаи https://president.tj/event/news/57855
14 октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи соҳибкорон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба муносибати Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи соҳибкоронро рамзи эътирофи заҳмати шахсоне маънидод намуданд, ки дар корҳои созандагӣ, роҳандозии истеҳсолоти ватанӣ ва дар рушду пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷлили ҷашни умумимиллӣ - 35 солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, саҳми соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва умуман мардуми шарифи Тоҷикистонро бисёр арзишманд номиданд.
Таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ соҳибкорон дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла ҳазорҳо километр роҳ фаъолона иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст. Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ ва 734 пул бунёд гардидааст. Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин саҳмгузориҳоро ифодаи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии соҳибкорони кишвар маънидод намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти кишвар миннатдории самимӣ баён намуданд.
Ҳамчунин, ба сармоягузорони хориҷӣ барои эътимод ба Тоҷикистон ва ҳамкории судманд дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ сипос гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали гузариш ба муносибатҳои бозорӣ моликияти хусусӣ, озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобати солимро ҳамчун асосҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ эътироф намуд.
Зикр гардид, ки дар ин раванд, давлат барои ташаккули бахши хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкон ва фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда истодааст.
Гуфта шуд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” кафолатҳои фаъолияти озод ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон муқаррар шудаанд, ки иҷрои пайгиронаи онҳо бояд аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дигар дастгириҳои давлатии соҳибкорӣ, аз ҷумла сабукиҳои андозиву гумрукӣ, роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ, инчунин эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки натиҷаи ҳамин сиёсати пайгирона аст, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ ҳам дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ҳам дар таъмин намудани шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад. Беш аз 80 фоизи даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат аз бахши хусусӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳоло дар кишвар 395 ҳазор субъекти соҳибкорӣ фаъолият дошта, шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазор зиёд гардидааст.
Барои расидан ба ҳадафҳо зарур шумурда шуд, ки то соли 2030 содироти маҳсулоти коркардшуда ду баробар зиёд ва ҳиссаи қарзҳои ба истеҳсолот равонагардида дар сандуқи қарзии низоми бонкӣ ба беш аз 40 фоиз расонида шавад.
Гуфта шуд, ки соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 177 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии иқтисодӣ 8,4 фоизро ташкил дод. Дар нуҳ моҳи соли 2026 суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,3 фоиз таъмин гардид.
Ба таъкиди Президенти кишвар ин пешравӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи сулҳу субот, сиёсати иқтисодии давлат ва заҳмати аҳлонаи мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар баробари ин, суръати баланди рушд бояд ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, зиёд шудани истеҳсолоти рақобатнок ва таъсиси ҷойҳои кории сермаҳсул табдил ёбад. Ин меъёри асосие мебошад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ бояд аз рӯйи он арзёбӣ гардад.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки дониш ва технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бояд ҳадафи марҳалаи нави рушди соҳибкорӣ бошад, ки дар он соҳибкории қавӣ ва фазои мусоид нақши муҳим мебозад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” қабул ва Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040 тасдиқ гардид, ки муқаррароти санадҳои зикршуда бояд дар ҳамаи сатҳҳо пурра ва яксон татбиқ карда шаванд.
Зарур шумурда шуд, ки сармояи ҷалбшуда ба ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир, таъмини шуғли пурмаҳсул, афзоиши содирот ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳо, ҳамчунин, зарур шумурданд, ки иқтидорҳои истифоданашуда бояд ба кор дароварда шаванд.
Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибони корхонаҳо вазифадор гардиданд, ки сабабҳои ҳолати мазкурро дар ҳар як корхона муайян намуда, барои барқарор ё васеъ кардани истеҳсолот чораҳои мушаххас андешанд.
Зарур дониста шуд, ки таъсиси корхонаҳои нав, на танҳо аз рӯйи шумора, инчунин, аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ, сатҳи технологӣ, ҷойҳои кории доимӣ ва қобилияти рақобат дар бозор бояд арзёбӣ карда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат соҳибкоронро даъват намуданд, ки ба роҳандозии фаъолият танҳо дар шаҳрҳои калон маҳдуд нашаванд ва ба ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон низ сармоягузорӣ намоянд.
Бо мақсади ҳавасманд намудани чунин ташаббусҳо Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки механизми дастгирии лоиҳаҳои истеҳсолиро дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон таҳия намояд.
Аз соҳибкорону сармоягузорон даъват карда шуд, ки дар баробари татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ ба бунёду навсозии инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, бахусус дар ноҳияҳои дурдасту кӯҳистон, ки дорои имкониятҳои сайёҳӣ мебошанд, сармояи бештар равона намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти талаботи замон шахсони масъули сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки барои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани фаъолияти бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорону сармоягузорон ба рақамикунонии истеҳсолоту идоракунӣ, ҳамгироии маълумот ва омодасозии мутахассисон суръат бахшанд.
Ҳамчунин, ба Ҳукумати кишвар ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки дар муҳлати се моҳ нақшаи мукаммали ташаккули соҳибкории рақамиро таҳия ва аз соли 2027 амалӣ намоянд.
Аз соҳибкорон даъват карда шуд, ки бо назардошти ниёзи корхонаҳои худ баҳисобгирӣ, фурӯш, идоракунии истеҳсолот ва назорати сифатро рақамӣ карда, аз зеҳни сунъӣ барои таҳлили маълумот ва қабули қарорҳои асоснок истифода баранд.
Зимни таҳлилу баррасии дигар бахшҳо, аз қабили саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки дар ин самтҳо низ сармоягузориро бештар намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шароити созгори соҳибкорону сармоягузорон, аз ҷумла ба мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна эълон намуданд, ки мораторий барои санҷиши субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, барои ду соли дигар - то 1-уми январи соли 2029 тамдид карда шавад.
Таъкид гардид, ки ҳифзи фаъолияти қонунии соҳибкорӣ ва пешгирии дахолати беасос вазифаи доимии мақомоти давлатӣ мебошад. Барои субъектҳои дигари соҳибкорӣ аз 1 январи соли 2027 санҷишҳо танҳо дар асоси қонун ва арзёбии хавф, бо риояи салоҳияти мақомоти санҷиш ва таъмин гардидани асоснокиву шаффофият гузаронида шаванд.
Ба сохторҳои марбути кишвар супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдор мониторинги риояи талаботи мораторий ва тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро мунтазам ба роҳ монад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои содда намудани расмиёти иҷозатдиҳӣ Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки то охири соли 2027 пурра ба шакли электронӣ гузаронидани ҳамаи хизматрасониҳои асосии бақайдгирӣ, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳиро таъмин намояд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба рушди соҳибкории занон ва ҷавонон, фаъолияти соҳибкорони тоҷик дар хориҷи кишвар, ба даст овардани таҷрибаи ғанӣ, муаррифии имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон, пайдо намудани шарикони боэътимод, ҷалби технологияҳои муосир ва ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ андешаронӣ намуданд.
Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки соҳибкорон минбаъд низ бо ҳисси ватандӯстӣ, фаъолияти шаффоф, ташаббусҳои нав ва муносибати масъулона дар татбиқи лоиҳаҳои бузург ва пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон як гуруҳ иштирокдорони вохӯрӣ, аз ҷумла соҳибкорон Лутфия Умарова аз шаҳри Душанбе, Ҳамдам Давлатмамадов аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Гулбуй Воҳидова аз вилояти Хатлон ва Мансур Умаров аз вилояти Суғд суханронӣ намуданд.
Онҳо доир ба дастгирии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳибкорӣ, таъмини имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва ғайра андешаронӣ намуданд.
Ба ахбор баргашт