Ахбори марказ
Ба ахбор баргашт
Мубодилаи таҷриба ва муаррифии лоиҳаи eTib дар Маркази саломатии шаҳри Душанбе
27.08.2026 00:00
282 дидан
26 августи соли 2026 ба Маркази саломатии шаҳри Душанбе №15 ҳайати илмии тиб аз Қазоқистон ташриф овард. Ба ҳайат профессорону мутахассисони соҳа шомил буданд, ки роҳбарии кафедраҳои педиатрия ва тибби оилавӣ дар Донишгоҳи тиббии Астана ба зимма доранд. Мақсади асосии ин сафар мубодилаи таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва баррасии роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи КВД “Шаҳри ҳушманд” лоиҳаи eTib-ро муаррифӣ кард, ки барои беҳтар намудани дастрасии хизматрасониҳои рақамии тиббӣ ва идоракунии самараноки захираҳои соҳаи тандурустӣ дар пойтахт равона шудааст.
Ба ахбор баргашт