КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ПОЯИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТДОРӢ
Бо мақсади арҷгузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби арзишҳои конститутсионӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Мадади Сино» - и Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №15 чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони муассиса, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нахуст директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №15, номзади илмҳои тиб Ғайратзода Тоҳир Ғайрат бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Зимни баромад таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Ин санади тақдирсоз дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши муҳим дорад.
Сипас, намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳаммияти Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, нақши он дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва зарурати риояи меъёрҳои конститутсионӣ андешаронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Юнусова Рухшона Сироҷиддиновна суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ буда, ҳамчун санади сарнавиштсоз роҳи рушди минбаъдаи давлату ҷомеаро муайян менамояд.
Ҳамзамон, мавсуф оид ба нақши шаҳрвандон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба қонун, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва саҳми ҳар як фарди ҷомеа дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози назар кард.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ба як қатор аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокдорон доир ба аҳаммияти Конститутсия, риояи қонунгузории амалкунанда ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ нақши муҳим дошта, барои боз ҳам таҳкими арзишҳои конститутсионӣ мусоидат менамояд.
Ба ахбор баргашт