КОНСТИТУТСИЯ - ИФОДАИ ИРOДАИ МАРДУМ
Конститутсия дар таърихи ҳар як давлат на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки шиносномаи сиёсиву ҳуқуқ ва таҷассумгари иродаи шаҳрвандони он мебошад. Маҳз тавассути Конститутсия давлат ҳадафҳои асосии мавҷудияти худро муайян намуда, низоми ҳокимият, муносибати байни давлату ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва самтҳои рушди минбаъдаи мамлакатро муқаррар менамояд. Он моҳиятан сарҳади ҳуқуқии салоҳият ва масъулияти мақомоти давлатиро муайян карда, барои фаъолияти тамоми низоми сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа заминаи устувор мегузорад.
Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт”.
Миллате, ки таърихи ҳазорсола, забони қадима, фарҳанги ғанӣ ва таҷрибаи бузурги давлатдорӣ дорад, наметавонад дар бунёди давлати муосир аз арзишҳои таърихии худ ҷудо бошад. Арзишҳои миллӣ дар ташаккули ҳувияти шаҳрвандӣ, худшиносии таърихӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим доранд.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳамин воқеият як қатор арзишҳои муҳими миллиро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эътироф ва ҳифз менамояд.
Мо - тоҷику тоҷикистониён ифтихорманд бояд бошем, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва дурандешии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта, имрӯз ҳамчун санади сарнавиштсози давлатдории миллӣ мақоми хос дорад. Он ифодагари иродаи халқ, манбаи асосии ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ, кафили соҳибихтиёрии мамлакат, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҷассумгари арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар шароити таърихии ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо кард, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки қабули Конститутсия дар давраи ниҳоят мураккаби ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар сурат гирифт. Ҷомеа ба санади ҳуқуқие ниёз дошт, ки заминаҳои умумии зиндагии шаҳрвандон, низоми идоракунии давлат ва принсипҳои асосии муносибатҳои ҷамъиятиро муайян намояд. Бо ёдовари он айём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин гуфтанд: “Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар ибтидои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи амалкунанда ва қонунҳо поймол шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва дар кишвар беҳокимиятиву бенизомӣ ҳукмфармо гардида буд”.
Дар робита ба Рӯзи Конститутсия дар бораи он зиёд мегӯянду менависанд. Дар ин раванд бояд ба шаҳрвандон шарҳу тавзеҳ диҳем, ки моҳияти Конститутсияи кишвари азизамон фаротар аз меъёрҳои ҳуқуқии дар он муқарраршуда аст. Ба ибораи дигар, дар муҳтавои он таърихи пурифтихори миллат, таҷрибаи давлатдории ниёгон, инъикос ёфтаанд. Муҳимтарин хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон бо иштирок дар раъйпурсӣ ба қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худ раъй доданд. Ин рӯйдод марҳилаи муҳими ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва ҳуқуқии кишвар гардид.
Дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос дорад. Он бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон...» оғоз гардида, масъулияти насли имрӯзро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда таъкид менамояд. Ин ибора аз нигоҳи маънавӣ ва таърихӣ хеле пурмазмун аст. Зеро дар он на танҳо иродаи шаҳрвандони замони қабул, балки эҳсоси масъулият дар назди таърихи миллат ва ояндаи давлат таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ормонҳои чандинасраи ниёгонро дар шакли муосири ҳуқуқӣ таҷассум намуда, барои татбиқи арзишҳои таърихии миллат дар шароити давлатдории соҳибистиқлол замина фароҳам овардааст.
Бениҳоят муҳим аст, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудани асосҳои ҳуқуқии давлати навтаъсис ба иродаи мустақими халқ вогузор шуд. Шаҳрвандон, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, олимон, ҳуқуқшиносон ва дигар мутахассисон ба он таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд. Тибқи маълумоти дастрас, ба лоиҳа тақрибан 8,5 ҳазор таклифу пешниҳод ворид гардидааст. Ин раванд имкон фароҳам овард, ки санади асосӣ бо назардошти андешаҳо ва ниёзҳои гуногуни ҷомеа такмил дода шавад. Маҳз ҳамин хусусият Конститутсияро ба санади ифодакунандаи иродаи умумимиллӣ табдил медиҳад. Зеро иродаи халқ дар ин маврид на танҳо дар овоздиҳии рӯзи қабули он, балки дар иштироки шаҳрвандон дар муҳокимаи лоиҳа ва муайян намудани асосҳои давлатдории мустақил таҷассум ёфт.
Маҳз дар ин замина муқаррароти моддаи 6-и Конститутсия аҳамияти бунёдӣ касб намуд. Дар он омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад». Ин меъёр моҳияти демократии давлатдориро ифода мекунад. Мувофиқи он, ҳокимияти давлатӣ аз халқ сарчашма мегирад ва бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ гардад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ бошад, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот эътироф шудааст.
Бояд зикр кард, ки Истиқлоли давлатӣ танҳо бо эълони соҳибихтиёрии сиёсӣ ба воқеияти комил табдил намеёбад. Барои пойдории он низоми мукаммали ҳуқуқӣ, мақомоти устувори давлатӣ, асосҳои муайяни идоракунӣ ва низоми муносибатҳои танзимшудаи ҷамъиятӣ заруранд. Бо назардошти мазмуну муҳтаво метавон гуфт, ки маҳз Конститутсия ин вазифаи таърихиро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуд. Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунем, ки кишвари азизамон дар оғози соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин вазъият зарурати муайян намудани шакли нави давлатдорӣ, ташкили мақомоти ҳокимият, муқаррар намудани муносибатҳои ҳуқуқии байни онҳо ва таъмини заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат ба миён омад. Қабули Конститутсия дар соли 1994 барои ҳалли ин масъалаҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Моддаи якуми он Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, хусусияти иҷтимоии давлатро низ муайян кард.
Соҳибихтиёрӣ ифодагари мустақилияти давлат дар муайян намудани сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Демократӣ будан ба иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, ҳуқуқбунёд будан ба волоияти ҳуқуқ ва қонун, дунявӣ будан ба ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ва баробарии онҳо дар назди қонун, ягонагӣ бошад, ба тамомияти ҳудудӣ ва ягонагии низоми давлатӣ ишора мекунад. Ҳамзамон, иҷтимоӣ эълон гардидани давлат масъулияти онро дар самти фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини имкониятҳои рушди инсон муайян менамояд. Аз ин рӯ, Конститутсия ҳуҷҷати муқарраркунандаи сохтори давлат набуда, барномаи бунёдии давлатдорӣ ва меъёри муайянкунандаи муносибати давлат ба ҷомеа ва шаҳрванд маҳсуб мешавад.
Ҷанбаи дигари муҳими марбут ба Конститутсия он аст, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар мақоми олиро ишғол менамояд. Мувофиқи моддаи 10, Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин меъёр яке аз асосҳои муҳимтарини бунёди давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Зеро дар чунин давлат на шахс, на мақомот ва на ягон сохтори ҷамъиятӣ берун аз доираи Конститутсия ва қонун қарор дошта наметавонад. Волоияти Конститутсия маънои онро дорад, ки фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бояд ба талаботи он мутобиқ бошад. Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ, қарор ва амали мақомоти давлатӣ бояд дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи Конститутсия сурат гирад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки воситаи муҳими пешгирии худсарӣ, маҳдуд намудани суиистифода аз ваколат ва таъмини масъулияти мақомоти давлатӣ мебошад.
Хусусияти дигар он аст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф менамояд. Моддаи 5-и Конститутсия муқаррар мекунад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Ин меъёр дорои аҳамияти амиқи фалсафӣ ва ҳуқуқист. Зеро он муносибати давлатро ба инсон муайян намуда, нишон медиҳад, ки мақсади ниҳоии фаъолияти давлат бояд ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ, қадр, номус ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд бошад. Дар низоми арзишҳои конститутсионӣ инсон на воситаи расидан ба ҳадафҳои давлат, балки арзиши мустақил ва меҳвари сиёсати ҳуқуқӣ мебошад. Волоияти Конститутсия ҳамзамон шарти муҳими таъмини эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва ниҳодҳои он мебошад. Зеро шаҳрванд вақте худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос мекунад, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯ на танҳо дар санадҳои ҳуқуқӣ эътироф, балки дар амал низ ҳифз карда шаванд. Конститутсия ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахс, ҳифзи судӣ, озодии сухан, виҷдон, эътиқод, моликият, меҳнат, таҳсил ва дигар ҳуқуқҳои бунёдиро кафолат медиҳад. Ин ҳуқуқҳо барои рушди озодонаи шахсият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими муносибатҳои демократӣ замина фароҳам меоранд.
Масъалаи дигаре, ки аҳамияти хоса дорад, тавъам будани ҳуқуқу озодиҳо бо масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Конститутсия дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, вазифаҳои онҳоро низ муайян мекунад. Риояи қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи Ватан, табиат ва арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи чунин вазифаҳо мебошанд. Моддаи 2-юми ин санад забони тоҷикиро забони давлатӣ муқаррар мекунад. Ин меъёр танҳо муайян намудани мақоми ҳуқуқии забон нест. Он ифодагари эҳтиром ба таърихи миллат, мероси адабиву фарҳангӣ ва рисолати забони тоҷикӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ мебошад. Ҳамзамон, Конститутсия ҳуқуқи ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини Тоҷикистонро барои истифодаи озодонаи забони модариашон эътироф менамояд. Ин меъёр нишон медиҳад, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ бо эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон тавъам мебошад.
Моддаи 8 гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравиро эътироф карда, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро дар доираи Конститутсия ва қонунҳо кафолат медиҳад. Ин меъёр барои ташаккули ҷомеаи дорои ҷаҳонбинии гуногун ва муколамаи созандаи ҷамъиятӣ аҳамияти муҳим дорад. Моддаи 11 бошад, сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии онҳо ва дигар принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асоснок менамояд. Дар баробари дигар омил, рушди соҳибкорӣ, ҳифзи моликият, таъмини адолати судӣ, таҳкими амнияти миллӣ, рушди маорифу илм, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳама бо муҳтавои арзишҳои конститутсионӣ робитаи ногусастанӣ доранд. Ҳамин тариқ, арзишҳои миллӣ дар Конститутсия на ба таври рамзӣ, балки тавассути меъёрҳои мушаххаси ҳуқуқӣ таҷассум ёфтаанд. Онҳо барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва рушди давлатдории соҳибистиқлол заминаи зарурӣ фароҳам меоранд.
Таърихи миллати тоҷик ғанӣ аз андешаҳои марбут ба давлатдорӣ, адолат, хирад, озодӣ ва эҳтиром ба инсон мебошад. Ин арзишҳо дар осори мутафаккирон, давлатмардон, шоирону донишмандони гузаштаи мо ҷойгоҳи махсус доранд. Аз андешаҳои давлатдории Куруши Кабир ва мероси таърихии давраҳои қадима то таълимоти ахлоқию сиёсӣ ва ҳуқуқии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигар нобиғагони тамаддуни тоҷик унсурҳои муҳими қонунмеҳварӣ, хирадсолорӣ, масъулияти ҳоким ва эҳтиром ба инсон пайваста таъкид шудаанд. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ адолат ва хирад ҳамчун рукнҳои муҳими давлатдории шоиста муаррифӣ мешаванд. Дар осори Саъдӣ эҳтиром ба инсон, шафқат ва масъулияти иҷтимоӣ мақоми баланд доранд. Таълимоти Носири Хусрав бошад, арзиши хирад, дониш ва адолатро дар зиндагии инсон ва ҷомеа таъкид менамояд. Албатта, байни таълимоти сиёсиву ахлоқии гузашта ва Конститутсияи муосир аз ҷиҳати шакл, мазмун ва низоми ҳуқуқӣ фарқияти ҷиддӣ вуҷуд дорад. Аммо робитаи маънавии онҳо дар эҳтиром ба адолат, хирад, инсон, масъулият ва зиндагии шоистаи ҷомеа зоҳир мегардад.
Ҷомеаи муосир пайваста тағйир меёбад. Рушди илму техника, рақамикунонӣ, густариши муносибатҳои иқтисодӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар назди давлатҳо вазифаҳои нав мегузоранд. Дар чунин шароит Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ бояд ҳам суботи низоми давлатдориро таъмин намояд ва ҳам барои рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ замина фароҳам орад. Бинобар ин, ба Конститутсияи Тоҷикистон низ бо назардошти талаботи замон дар се марҳила - солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Татбиқи Конститутсия набояд танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ҳисобида шавад. Ҳар як шаҳрванд дар доираи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои он саҳм мегузорад. Эҳтиром ба қонун аз оила оғоз меёбад, дар мактаб ташаккул меёбад, дар ҷомеа рушд мекунад ва дар фаъолияти мақомоти давлатӣ таҷассум меёбад. Маҳз чунин фарҳанги ҳуқуқӣ метавонад Конститутсияро аз санади рӯйи коғаз ба меъёри зиндаи муносибатҳои ҷамъиятӣ табдил диҳад. Арзиши ҳар як санади ҳуқуқӣ дар ниҳоят бо дараҷаи татбиқи амалии он муайян мегардад. Конститутсия низ танҳо дар сурате метавонад рисолати таърихӣ ва ҳуқуқии худро иҷро намояд, ки меъёрҳои он дар ҳаёти воқеии шаҳрвандон ва фаъолияти мақомоти давлатӣ пайваста риоя шаванд. Донистани ҳуқуқ, эҳтироми қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа ва иштироки фаъолона дар ҳаёти давлат аз муҳимтарин нишонаҳои фарҳанги конститутсионӣ мебошанд.
Махсусан, барои насли ҷавон омӯзиши Конститутсия аҳамияти хоса дорад. Ҷавоне, ки ҳуқуқу озодиҳои худро медонад, вазифаҳои шаҳрвандиро дарк мекунад ва ба арзишҳои миллӣ эҳтиром мегузорад, метавонад дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафта саҳми воқеӣ гузорад.Дар баробари ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи меъёрҳои Конститутсия, таҳкими эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ бояд аз самтҳои доимии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад. Зеро Конститутсия замоне ба арзиши воқеии умумихалқӣ табдил меёбад, ки ҳар як шаҳрванд онро на танҳо ҳамчун санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун кафили ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шараф ва ояндаи худ дарк намояд.
Ғайратзода Тоҳир Ғайрат,
директори Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №15”-и
шаҳри Душанбе, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ
Ба ахбор баргашт