Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Ахбори марказ

Ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино – муаррифгари густурдаи илми тибби тоҷик

18.08.2026 18:00 300 дидан
Ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино – муаррифгари густурдаи илми тибби тоҷик

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа, инчунин арҷгузорӣ ба хизматҳои олимону донишмандони тоҷик, аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино – муаррифгари густурдаи илми тибби тоҷик» баргузор гардид.

Дар рафти аксия кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ миёни сокинон маводи тарғиботиро тақсим намуда, вобаста ба мақоми арзандаи Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб ва нақши ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз бузургтарин донишмандони Шарқ дар рушди илми тиб саҳми бесобиқа гузошта, осори илмии ӯ, бахусус асари машҳури «Ал-Қонун фи-т-тиб», дар тӯли асрҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши тиб истифода шудааст. Номи ин абармарди илму маърифат имрӯз низ дар саросари ҷаҳон бо эҳтиром ёд мешавад.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбатҳо ба аҳамияти эҳтиром ба илму дониш, омӯзиши мероси илмии ниёгон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва шинос намудани ҷомеа бо дастовардҳои бузурги фарзандони миллати тоҷик дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ минбаъд низ ҷиҳати густариши корҳои тарғиботию маърифатӣ ва арҷгузорӣ ба мероси пурғановати илмию фарҳангии миллати тоҷик чорабиниҳои гуногунро баргузор хоҳад кард.


Ба ахбор баргашт