Имрӯз дар Марказ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори Марказ, номзади илмҳои тиб Ғайратзода Тоҳир Ғайрат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин, инчунин собиқадори Марказ Гулхумор Амирӣ иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ заминаи асосии рушди устувор, таҳкими сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, оид ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва саҳми кормандони соҳа дар ҳифзи саломатии аҳолӣ сухан гуфта шуда, фаъолияти содиқона ва меҳнати фидокоронаи табибону кормандони тиб дар роҳи хизмат ба мардум таъкид гардид.
Чорабинӣ дар фазои идона, самимӣ ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ баргузор гардид.
35 соли Истиқлол — 35 соли созандагӣ, пешрафт ва ифтихори миллӣ!
Ба ахбор баргашт