Дар Марказ чорабинии фарҳангӣ-тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он масъулин, кормандони муассиса ва меҳмонон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳри №15, номзади илмҳои тиб Ғайратзода Тоҳир Ғайрат, суханронӣ намуда, оид ба мақому ҷойгоҳи забони давлатӣ, нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллат андешаҳояшро баён намуд.
Сипас, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Юнусова Рухшона Сирочиддиновна баромад намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар бораи аҳаммияти забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, шоир, нависанда, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва сармуҳаррири нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа дар мавзуи забони тоҷикӣ, таърих ва мақоми он дар фарҳангу адабиёти миллӣ суханронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Шоҳномахонӣ баргузор гардид. Иштирокчиён аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ порчаҳо қироат намуда, бо ин васила ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик арҷ гузоштанд.
Дар қисми ниҳоии чорабинӣ оид ба таърихи забони давлатӣ, нақши он дар ҳаёти ҷомеа ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар ҳифзу рушди забони тоҷикӣ маърӯза пешниҳод гардида, мубодилаи афкор ва пешниҳоди андешаҳо сурат гирифт.
Чорабинии мазкур дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим дорад.
Забони тоҷикӣ — ҳастии миллат, ганҷи бебаҳои фарҳангӣ ва пояи давлатдории миллӣ мебошад!
МД МСШ №15, ш. Душанбе
Ба ахбор баргашт