Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Чорабиниҳо

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД Беморхонаи клиникии шахрии беморихои сироятии кудаконаи ш. Душанбе

03.11.2026 00:00 63 дидан
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар МД Беморхонаи клиникии шахрии беморихои сироятии кудаконаи ш. Душанбе

Дар МД «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе» бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса чорабинии идона бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабиниро сартабиби муассиса Каримзода Мунира Бобохон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфтанд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат заминаи устувори давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як корманд дар баробари иҷрои вазифаҳои касбӣ, ба эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!


Ба ахбор баргашт