Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Чорабиниҳо

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

02.11.2026 00:00 80 дидан
ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 02-юми ноябри соли равон бахшида ба 32-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” ҳамоиши идона доир гашт, ки дар он сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, генерал полковники адлия, собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, ходими давлатӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, собиқ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, роҳбарони муассисаҳои пешгирию табобатии зерсохтори раёсати мазкур иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Баъдан, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода бо сухани табрикотӣ баромад карда, иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, риояву эҳтироми муқаррароти он замонати саодату сарбаланди миллат аст.

Қайд карда шуд, ки вижагиҳои миллати тоҷикро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбаре, ки тамоми ҳастиашро барои халқаш бахшидааст, бараъло эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудааст: “Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созад”.

Гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризоияти шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа мебошад.

Баъдан, меҳмонони иззатманд Шерхон Салимзода ва Бахтиёр Худоёрзода низ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони мамлакатро ба ифтихори ин санаи фархунда табрику шодбош гуфтанд.

Дар ин замина, меҳмонон доир ба таърихи ин санаи фархунда ва нақши он дар рушду пешрафти ҷомеа низ ибрози андеша карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби меҳмонон ба китобхонаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанба якчанд китоб тақдим гардид.

Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ меҳмонон бо Ифтихорномаи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.


Ба ахбор баргашт