Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Чорабиниҳо

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

05.11.2026 00:00 44 дидан
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 4 ноябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №15» ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-танантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сипас, директори Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №15», номзади илмҳои тиб, Ғайратзода Тоҳир Ғайрат бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳамияти таърихӣ ва ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҷомеаи демократӣ таъкид намуд.

Ҳамчунин, намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳамияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар ва нақши он дар рушди низоми қонунгузории миллӣ суханронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Юнусова Рухшона Сироҷиддиновна баромад намуда, нақши Конститутсияро дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба як қатор аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои нави ҳизбӣ супорида шуданд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, бори дигар аҳамияти Конститутсияро ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҷассум намуд.


Ба ахбор баргашт