БОЗДИДИ ХУШВАХТ ШАРИФЗОДА АЗ ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вазъи санитарию гигиенӣ ва ҳолати будубоши беморон дар муассисаҳои тиббию табобатӣ санаи 14-уми октябри соли равон сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода бо рафти фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд.
Аз ҷумла номбурда ба Маркази тиббии шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе, Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия ва Маркази худмаблағгузори колопроктологии пойтахт ташриф овард.
Зимни боздиди хеш номбурда бо фаъолияти шуъбаҳои табобатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ҳолати санитарию гигиенӣ, рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳолати кунунии муассисаҳои мазкур шинос гашт.
Дар баробари ин, аснои боздид Хушвахт Шарифзода бо рафти табобати як қатор беморон низ бевосита аз наздик шинос шуда, доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.
Зимни суҳбату вохурӣ бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи маъсулинро ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, одоби муошират бо беморон, пешгирии амалҳои номатлуб, назорати қатъии беморон ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.
Ҳамин тавр, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба роҳбарият ва кормандони марказҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ба ахбор баргашт