БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ПОЙТАХТ ДАСТОВАРДҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ТАФСИР ГАРДИД
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Муассисаи давлатии "Маркази саломатии шаҳрии №15" вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Муслим Усмонзода - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Эргашбоев Аъзамҷон- намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории вохӯриҳои мазкур таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ибтидо Муслим Усмонзода ҳозиринро ба ҷашни 35-солгарди Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли Тоҷикистон бо иллати пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба осонӣ расмият пайдо карда, маънову рисолати ҳақиқиву воқеии худро пайдо кардани Истиқлол ва дарёфти озодии милливу сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силсилаи мушкилоти хорошикан ва фоҷеаҳои хунин рӯ ба рӯ омад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост.
Дар идома А. Эргашбоев кормандони соҳаи тандурустии пойтахтро ба ҷашнҳои бузурги миллӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, тақвияти бештар бахшидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва тарбияи кадрҳои баландихтисос замина гузошт.
Дар фарҷом ба як зумра кормандони соҳаи тандурустии пойтахт, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб саҳм гузоштанд бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Ба ахбор баргашт