ОҒОЗИ АКСИЯИ ТАБЛИҒОТИИ «ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ»
Имрӯз 29 –уми июли соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи таблиғотии «Шукӯҳи Истиқлол»-ро бо мақсади таҳкими ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баргузор намуд. Дар доираи аксия масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзою ҷонибдорони ҳизб, сокинону шаҳрвандон ва фаъолони ҷомеа рамзи “Истиқлол”-ро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд. Иштирокчиёни аксия таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин неъмати миллат буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи пурифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Онҳо изҳор доштанд, ки барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватани азиз саъю талош менамояд. Аксияи «Шукӯҳи Истиқлол» дар кӯчаву хиёбон, корхонаву муассиса, ташкилоту идора ва шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ идома дорад.
Ба ахбор баргашт