Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Ахбори марказ

БАРРАСИИ СЕ МАСЪАЛА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25.06.2026 00:00 67 дидан
БАРРАСИИ СЕ МАСЪАЛА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз, 25-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, кормандони масъули Раёсати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтор, муовинон оид ба табобат, сармуҳосибони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтор, кормандони маркази шаҳрии наркологӣ, шахсони мутасаддии ҳуҷраҳои наркологӣ ва сармутахассисони соҳавии Раёсати тандурустӣ ширкат варзиданд.

Ҳамин тавр, дар ҷаласаи мазкур дар масъалаи “Рафти воридсозӣ ва татбиқи "Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон барои давраи то соли 2030" дар шаҳри Душанбе” Муродзода С.Ҳ., мудири шуъбаи хизматрасонии тиббии калонсолони Раёсати тандурустӣ, “Оид ба татбиқи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2 декабри соли 2008 "Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ" ва №336 аз 27 июли соли 2016 "Оид ба гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586, аз 22 июни соли 2023, "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе” Зайдуллоева Т., мутахассиси пешбар оид ба нақшагирӣ ва молия ва дар масъалаи сеюми ҷаласа, яъне “Татбиқи "Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" дар шаҳри Душпнбе” Назарзода А.А., директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии наркологӣ” баромад карданд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа аз ҷониби Хушвахт Шарифзода ба роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори раёсат ва дигар масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


Ба ахбор баргашт