Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Ахбори марказ

Табрикоти директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №15 Ғайратзода Тоҳир Ғайрат бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

23.06.2026 00:00 59 дидан
Табрикоти директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №15 Ғайратзода Тоҳир Ғайрат бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН ВА РАМЗИ ШУКУФОИИ ВАТАН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

«Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кӯҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи муқаддастарин ва арзишмандтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Агар ба таърихи навини давлатдории тоҷикон назар афканем, равшан мегардад, ки маҳз сулҳу ваҳдат кишвари моро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшида, барои рушду пешрафти ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ заминаи устувор гузошт. Имрӯз Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва омили асосии шукуфоии Ватан эътироф гардидааст.

Таърих борҳо исбот намудааст, ки ҳеҷ давлат бе ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ пойдор намемонад. Миллатҳое, ки муттаҳиду сарҷамъанд, ҳамеша ба пешрафту комёбӣ ноил мегарданд. Аммо парокандагӣ ва низоъ ҷомеаро ба буҳрон, фоҷиа ва ақибмондагӣ рӯ ба рӯ месозад. Тоҷикистон низ дар оғози соҳибистиқлолӣ чунин рӯзҳои бисёр сангин ва пурфоҷиаро аз сар гузаронид.

Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик давраи бисёр душвор буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992–1997 идома кард, ба кишвар талафоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ овард. Дар он солҳои мудҳиш зиёда аз 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, тақрибан як миллион нафар гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуданд. Хисороти иқтисодии ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Деҳаҳо вайрон, муассисаҳо хароб ва иқтисодиёти мамлакат фалаҷ гардида буд. Муҳимтар аз ҳама, хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат ба миён омада буд.

Дар чунин вазъияти тақдирсоз миллат ба роҳбари оқилу хирадманд ва шахсияти тавоно ниёз дошт, то мардумро сарҷамъ намуда, роҳи сулҳу наҷоти давлатро муайян созад. Хушбахтона, таърих ба миллати тоҷик фарзанди фарзона – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато намуд, ки бо иродаи қавӣ ва хиради сиёсӣ тавонистанд мардумро ба сӯи сулҳу оштӣ раҳнамоӣ намоянд.

Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои миллат масъалаи барқарор намудани сулҳу субот ва сарҷамъии миллатро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор доданд. Пешвои миллат мардумро ба бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстӣ даъват намуда, барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ талошҳои бузург анҷом доданд. Бо ташаббус ва иродаи сиёсии роҳбарияти давлат музокироти сулҳ оғоз гардида, баъди ҳашт даври гуфтушунид байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нерӯҳои мухолифин ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.

Ин рӯйдоди таърихӣ оғози марҳалаи нави зиндагии мардуми тоҷик гардид. Бо имзои созишномаи сулҳ кишвар аз хатари нестшавӣ наҷот ёфта, мардум дубора ба зиндагии осоишта баргаштанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи сарҷамъӣ, сулҳу субот ва эҳёи давлатдории миллӣ мебошад.

Пас аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тадриҷан ба марҳалаи нави рушд ворид шуд. Кишваре, ки солҳои пеш дар гирдоби ҷанг қарор дошт, имрӯз ба давлати ободу пешрафта табдил ёфтааст. Дар тамоми минтақаҳои мамлакат роҳҳои замонавӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва марказҳои фарҳангиву иҷтимоӣ бунёд гардиданд. Сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, иқтисодиёти миллӣ тадриҷан рушд намуд. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз ба шарофати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро «рамзи саодат» номидаанд. Воқеан ҳам, сулҳу ваҳдат барои мардуми тоҷик саодати воқеӣ мебошад. Агар имрӯз ҷавонон озодона таҳсил мекунанд, мардум бо хотири ҷамъ кору зиндагӣ менамоянд ва ҷомеа рӯ ба пешрафт овардааст, ин ҳама самараи сулҳу оромӣ мебошад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардум ҳатто чунин зиндагии осоиштаро тасаввур карда наметавонистанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки барои расидан ба сулҳу субот ва зиндагии шоистаи имрӯза мардуми тоҷик мушкилоту маҳрумиятҳои зиёдеро аз сар гузаронида, бо садоқат ва ҷоннисорӣ барои ҳифзи давлат заҳмат кашиданд. Ин суханон ҳақиқати таърихиро таҷассум менамоянд. Зеро сулҳ ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои он ҳазорон нафар ҷони худро қурбон намуда, мардум аз рӯзҳои бисёр вазнин гузаштаанд.

Ваҳдати миллӣ имрӯз на танҳо омили суботи сиёсӣ, балки заминаи асосии рушди иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва илм мебошад. Танҳо дар ҷомеаи орому мутамаддин инсон метавонад истеъдоди худро рушд дода, барои пешрафти Ватан саҳм гузорад. Аз ҳамин ҷост, ки сулҳу ваҳдат барои ҳар як шаҳрванди кишвар неъмати муқаддас ба ҳисоб меравад.

Шоир хеле зебо гуфтааст:

Баҳри олам сулҳ даркор аст, сулҳ,

Насли одамро нигаҳдор аст сулҳ.

Чун шифои ҷони бемор аст сулҳ,

Модаронро бахти бедор аст сулҳ.

Ин мисраъҳо моҳияти сулҳро хеле равшан ифода менамоянд. Воқеан ҳам, сулҳ барои инсон мисли обу ҳаво зарур аст. Сулҳ оромии қалби модарон, хандаи кӯдакон ва зиндагии осудаи мардум мебошад. Дар давлате, ки сулҳу субот ҳукмфармост, ҷомеа рушд мекунад, иқтисодиёт пеш меравад ва фарҳангу маънавиёт густариш меёбад.

Имрӯз таҷрибаи сулҳофаринӣ ва ваҳдатофарии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи нодир эътироф гардидааст. Созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои таҳлилӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун роҳи муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ арзёбӣ мекунанд. Ин мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Дар баробари ин, ҳифзи сулҳу ваҳдат вазифаи муқаддаси тамоми ҷомеа аст. Ҷаҳони имрӯза пур аз таҳдиду хатарҳои нав мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ ва нерӯҳои манфиатҷӯ кӯшиш менамоянд, ки суботи ҷомеаҳоро халалдор созанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд ҳушёр бошад, манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя намояд ва барои таҳкими Ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Махсусан ҷавонон бояд дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия ёбанд. Зеро ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи роҳи насли калон мебошанд. Агар ҷавонон ба қадри сулҳу ваҳдат бирасанд, ояндаи давлат боз ҳам дурахшон хоҳад гардид.

Ваҳдати миллӣ имрӯз барои Тоҷикистон мактаби бузурги давлатдорӣ ва зиндагисозӣ гардидааст. Маҳз ба шарофати он кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мақоми арзанда касб намуда, ҳамчун давлати сулҳпарвару ташаббускор шинохта шудааст. Ҳар як дастоварди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат самараи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардум мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бирасем. Зеро ваҳдат неъмати бебаҳо, кафили бақои давлат ва асоси шукуфоии Ватан мебошад. Ҳар яки моро зарур аст, ки барои таҳкими сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият ва пешрафти Тоҷикистони азиз содиқона хизмат намоем.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тамоми мардуми сарбаланду сулҳпарвари Тоҷикистон муборак бод!

Ғайратзода Тоҳир Ғайрат

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,

Директори МД МСШ №15


Ба ахбор баргашт