Шиносоии ҳайати шаҳри Душанбе бо таҷрибаи рақамисозии тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон
Аз 11 то 13 июни соли 2026 сафари ҳайати шаҳри Душанбе бо мақсади мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозии идоракунии давлатӣ ва тандурустӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Ба ҳайат намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳр, кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” ва муассисаҳои тиббии пойтахт шомил буданд. Дар доираи сафари корӣ ҳайати Душанбе дар шаҳри Бишкек бо намояндагони мақомоти иҷроия, Вазорати тандурустӣ ва як қатор муассисаҳои давлатӣ ва тиббӣ, аз ҷумла Маркази тибби оилавӣ, Академияи давлатии тиббӣ ба номи И.К. Ахунбоев, Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ, муассисаҳои “Кызмат” ва “Тундук”, Маркази тибби фаврӣ ва дигар сохторҳо мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқотҳо ба масъалаҳои рушди низомҳои иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, инчунин истифодаи амалӣ аз технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар натиҷаи сафари мазкур ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи рақамисозӣ ва тандурустӣ, инчунин идомаи мубодилаи таҷриба байни сохторҳои давлатии соҳавии ду кишвар тасдиқ намуда, аҳамияти татбиқи платформаи электронии “eTib”-ро низ таъкид карданд.
Ба ахбор баргашт