Дар Маркази саломатии шаҳрии №15 ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа муовини директори Марказ Мансурова Н.М. бо маърӯза баромад намуда, ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи муассисаро ба ҳозирин пешниҳод кард. Дар маърӯза натиҷаҳои фаъолияти марказ, нишондиҳандаҳои асосӣ, дастовардҳо ва масъалаҳои мавҷуда мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҳифзи солимии модару кӯдак, рафти иҷрои барномаи иммунизатсия ва хизматрасонӣ ба шахсони дорои маъюбият мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ин самтҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Пас аз анҷоми маърӯза ҷаласа ба қисмати саволу ҷавоб идома ёфта, иштирокчиён вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва пешравиҳои бадастомада мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, таҳкими дастовардҳо ва боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас ироа гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа роҳбарияти марказ аз саҳми кормандон дар фаъолияти босамар изҳори сипос намуда, барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ вазифаҳои мушаххасро муайян карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо супоришҳои дахлдор дод.
Ба ахбор баргашт